Роҳандозии нахустин хати тавлиди инсулини қаламӣ дар Эрон
Нахустин хати тавлиди инсулини қаламӣ дар Эрон имрӯз якшанбе роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, бо роҳандозии ин хати тавлид дар Теҳрон ва ҳамчунин хатҳои мушобеҳе, ки дар ояндаи наздик ба баҳрабардорӣ мерасад,Ҷумҳурии Исломии Эрон ба яке аз тавлидкунандагони инсулини қаламӣ дар минтақа табдил хоҳад шуд.
Сурино Сатторӣ, муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин хати тавлиди инсулини қаламӣ дар кишвар, ки аз тариқи нишасти тасвирӣ баргузор шуд гуфт: Роҳандозии хати тавлиди инсулини қаламӣ гоме бузург ва мусбат барои Эрон аст.
Солона 200 то 250 миллион доллар арз аз Эрон барои воридоти инсулини қаламӣ хориҷ мешавад.
Масрафи инсулинҳои қаламӣ ва аналог дар солҳои ахир ба иллати осонии истифода ва асарбахшӣ ва эминии болотар аз дигар инсулинҳо, рушди чашмгире дар ҷаҳон доштааст.