Июн 22, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкари 192 шаҳиди Дифои муқаддас ба Эрони исломӣ

Пайкарҳои муттаҳари 192 шаҳиди даврони Дифои муқаддас имрӯз (душанбе) аз марзи байналмилалии Шаламча дар ҷануби-ғарби Эрон, вориди кишвар шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хурососн, дар оини вуруди пайкари 192 шаҳиди Дифои муқаддас ба Эрони исломӣ фақат теъдоди каме аз ходимони шуҳадо ҳузур доштанд ва ба далели шароити бади короноӣ, маросими истиқболи мардумӣ баргузор нашуд.

Ин 192 нафар шаҳидон ба амалиёти Валфаҷри муқаддамотӣ, Валфаҷри 1, Рамазон, Хайбар, Бадр, Карбало 4, Карбало 5, Так-душман ва Байтул-Муқаддас 7 тааллуқ доранд.

Дар ҷанги таҳмилии 8 солаи режими Бааси Ироқи зидди Эрон, ки бо ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ва бо ҳадафи шикасти Инқилоби исломӣ сурат гирифт, афзун бар 230 ҳазор нафар шаҳид, беш аз ин теъдод маҷруҳ ва ҳазорон нафар мафқуд шуданд.