Июн 23, 2020 22:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди андешаманди чинӣ бар нақши барҷастаи Эрон ва Чин дар тамаддуни башарӣ

Раиси муассисаи мутолиоти Чин ва устоди донишгоҳи фарҳанг ва забони Пекин гуфт: "Эрон ва Чин нақши босазое дар таолии тамаддуни башарӣ ифо кардаанд."

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Хуангзу Вив дар як мизи мудаввар дар бораи равобити фарҳангии Эрон ва Чин рӯзи сешанбе ки ба сурати видеоконферентсия баргузор шуд, гуфт: "Дар кишвар дар ду ҳазор сол пеш ба болотарин дараҷаи тамаддун расида буданд."

Вай афзуд: "Аз назари ҷуғрофи  низ Чин ва Эрон ба таври ҷудогона Шарқи Осиё ва маркази ин қораро дарнавардидаанд.

Раиси муассисаи мутолиоти Чин афзуд: Тадқиқотҳои тарихӣ нишон медиҳад, ки табаддулот ва тамосҳои байни Эрону Чин аз пешинаи куҳане бархурдор аст ва дар равобити байни кишварҳо, ба ҷуз иқтисоду фановарӣ равобити инсонӣ ва илмӣ низ як сармояи моддӣ ва маънавӣ маҳсуб мешавад.

Хуангзу ҳамчунин бо ишора ба тадқиқотҳои коршиносони чинӣ ва эронӣ изҳори умедворӣ кард, ки тадқиқотҳои ду кишвар ҳамчунон бо қувват идома пайдо кунад ва дар шинохти беҳтари ду тараф аз ҳамдигар ва равобити дӯстонаи онҳо нақши муассире дошта бошад.

Барчасп