Сарлашкар Мусавӣ: Сипоҳи посдорон ва артиши Эрон беҳтарин таркиби дифоиро эҷод кардаанд
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва артиши Эрон дар болотарин сатҳи ҳамоҳангӣ, беҳтарин таркиби дифоиро эҷод кардаанд.
Амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯз чаҳоршанбе тайи нишасте дар Теҳрон гуфт, артиш ва Сипоҳи посдорон омодагӣ доранд ҳамроҳ бо ҳам дар баробари ҳар таҳдиди эҳтимолӣ биистанд.
Фармондеҳи кулли артиши Эрон бо таъкид бар ин ки ҳар душмане манофеи миллиро таҳдид кунад, нерӯҳои Эрон мутақобилан манофеи ӯро таҳдид хоҳанд кард, афзуд, нерӯҳои артиш ва сипоҳ ба унвони ду созмони мукаммал, ҳамкории бисёр хубе бо ҳам доранд.
Сарлашкар Мусавӣ ҳамчунин бо эъломи ин ки то поёни сол таҷҳизоти ҷадиде дар ихтиёри нерӯҳои артиши Эрон қарор хоҳад гирифт, гуфт: ин таҷҳизот дар ҳамаи арсаҳои заминӣ, падофанд, ҳавоӣ ва дарёӣ аст.