Июн 27, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Хостаи раҳбари инқилоби исломӣ аз қуваи қазоияи Эрон

Раҳбари муаззами инқилоб аз мақомҳои олии қазоии Эрон хостанд мубориза бо фасодро бидуни чашмпӯшӣ ва бар асоси ҳаққу қонун идома диҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар иртиботи тасвирӣ бо раис ва масъулони олии қазоии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз иқдомоти анҷомшуда дар як соли ахир, бар идомаи ёфтан таҳаввул дар қувваи қазоия таъкид карданд.

Ишон гуфтанд: Мубориза бо фасод, ки дар ин давра ба авҷи худ расидааст бояд бидуни чашмпӯшӣ ва бар асоси ҳаққу адл ва қонун ва ҳамчунин бидуни зулм ба афроди бегуноҳ бо қудрат идома ёбад.  

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хурсандӣ аз фаолиятҳои ахири қуваи қазоияи Эрон дар заминаи «эҳёи ҳуқуқи омма» гуфтанд: Агар додситониҳо эҳсос карданд ҳуқуқи омма дар ҳоли поймол шудан аст бояд вориди кор шаванд ва аз ҳақи мардум дифоъ кунанд.

Раҳбари инқилоб ҳамчунин бар зарурати муроқибат аз кишвар дар ҳамаи ҷиҳатҳо аз ҷумла дар муқобили душманиҳои Амрикоро ва Англияи хабис ва ҳамчунин дар мувоҷиҳа бо иқдомоти давлатҳои аврупоӣ таъкид карданд ва афзуданд: Агар мо ба вазифаҳои худ амал кунем, ба тавфиқи илоҳӣ онҳо дар ҳар коре сарашон ба санг хурда ва наметавонанд ниятҳояшонро амалӣ кунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд: Натиҷаи фишори ба қавли худашон ҳаддиаксарӣ барои ба зону даровардани мардум, нишастани мушти миллати Эрон бар синаи онҳо ва ба ақиб ронданашон хоҳад буд.

Ишон ҳамчунин бо баёни ин ки моҷарои корона тамом нашуда ва ҳамчунон идома дорад, ҳамаи мардум ва масъулонро ба ҷиддӣ гирифтани риояти дастурҳои беҳдоштӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши дубораи вируси корона фарохонданд.