Ба ёди ҳама қурбониёни силоҳҳои кимиёӣ
(last modified Mon, 29 Jun 2020 11:42:14 GMT )
Июн 29, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ба ёди ҳама қурбониёни силоҳҳои кимиёӣ

"Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз қурбониёни силоҳҳои химиёвӣ аст; Аммо дӯр нест он рӯзе, ки давлатҳои ҳомии режеми Саддом барои иқдомоти нангини худ дар пешгоҳи афкори умумии ҷаҳон маҷбур ба узрхоҳӣ шаванд."

 28 июн-мусодиф бо сиюсевумин солрузи фоҷеаи бомбаборони химиёви(кимиёи)и Сардашт буд.

 Режеми Баъси Ироқ дар 28 июни 1987 шаҳри марзии Сардашти Эронро бомбаборони химиёвӣ кард. Дар ин ҳамла, 110 нафар шаҳид ва беш аз ҳашт ҳазор нафар дучори масдумияти химиёвӣ шуданд.

 Ҳамзамон бо ин рӯзи талх,ба ёди ҳама қурбониёни силоҳҳои химиёвӣ  рӯзи якшанбе ҳамоише бо унвони «Падофанди химиёвӣ» дар Теҳрон баргузор шуд. Давлатҳо ва ширкатҳои зиёде дар таҷҳизи режеми Саддом ба силоҳи химиёвӣ дар тӯли солҳои 1980 то 1988 мушорикат доштанд,аммо танҳо дар соли охири ҷанг ва ба лиҳози вусъати истифодаи режеми мутаҷовизи Ироқ аз силоҳҳои химиёвӣ буд, ки додситонии Олмон алайҳи чанд ширкати олмонӣ, ки муттаҳам ба ирсол ва судури маводи химиёвӣ ба Ироқ барои сохти бомбҳои химиёвӣ буданд, эъломи ҷурм кард. Бо ин ҳол парвандаи ин ҷинояти зиддибашарӣ сирфан бар асоси поймолсозии муқаррароти гумрукӣ пайгирӣ шуд ва номе аз ширкатҳои машҳури олмонӣ, ки мавод ва таҷҳизот ва фановарии лозимро барои режеми Ироқ фароҳам карда буданд, бурда нашуд. Саддом дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон беш аз 250 бор аз силоҳи химиёвӣ истифода кард, ки натиҷа он ҳашт ҳазор шаҳид ва 107 ҳазор маҷрӯҳ буд.

 Фернандо Ариас-мудири кулли Созмони манъи силоҳҳои химиёвӣ дар паёме ба муносибати солгарди ҳамлаи химиёвии режеми Саддом ба Сардашт, зимни ибрози амиқтарин ҳамдардиҳо бо бозмондагони қурбониёни ҳамалоти химиёвӣ гуфт; Дар ин хусус шаҳрвандони Сардашт ва тамоми қурбониён ва наслҳои оянда ба гардани мо ҳақ доранд

 Муоҳидаҳои байналмиллалие, ки дар қолаби асноди мухталиф ва қоидаҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ба тасвиб расида , истифода аз силоҳи химиёвиро мамнуъ кардааст. Бо ин ҳол, ин пурсиш ҳамчунон матраҳ аст, ки оё ҳуқуқи байналмиллалӣ ба танҳоӣ метавонад посухгӯи ин хостаҳо бошад ?

 Пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум протоколҳо ва конвенсияҳои гуногуне барои муқобила бо истифода аз силоҳҳои химиёвӣ, аз ҷумла «Протоколи 1925-и Женева» ба имзо расид. Дар идомаи ин талошҳо  Конвенсияи манъи корбурди силоҳҳои химиёвӣ  дар севуми сентябри 1992 ,пас аз 20 сол музокира тасвиб шуд ва пас аз он  Созмони манъи силоҳҳои химиёвӣ бо 192 узв дар соли 1997 бо шиори”Ҳамкорӣ бо якдигар барои ноил омадан ба ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои химиёвӣ”, кори худро оғоз кард. Бо вуҷуди тасвиби ин муоҳидот,аммо ҳанӯз бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико ба тааҳҳудоти худ мутобиқи ин конвенсияҳо пойбанд нестанд.

 Баёнияи ҳамоиши Теҳрон дар воқеъ инъикоси бахше аз ин воқеиятҳои талх ва дар айни ҳол таъкид бар пайгирии ҳуқуқ ва  манофеъи хонаводаҳои шаҳидон, ҷонбозон ва қурбониёни силоҳҳои химиёвӣ ва муҳокимаи омилони ин ҷиноёт аст. Мунодиёни сулҳ ва фаъолони зидди силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Эрон ва ҷаҳон дар ҳама ин солҳо талош кардаанд, то паёми сулҳи қурбониён ва масдумони химиёвиро ба шаклҳои мухталиф ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.Ҳамоиши миллии Теҳрон низ бо ҳамин ҳадаф баргузор шуд.

 Ҳамон гуна, ки Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар тветтер ба муносибати солрузи фоҷеаи Сардашт хотирнишон кард: Истифода аз силоҳи химиёвӣ тавассути режеми Саддом чизе ҷуз сарбаландӣ барои мардуми Эрон ва хиффату хорӣ ва маҳкумияти ҳамешагӣ барои омилони ин ҷиноят барҷой нагузоштааст.