Июн 29, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Таъқиби қазоии Трамп дар парвандаи террори сардор Сулаймонӣ

Додситони Теҳрон гуфт: барои 36 нафаре, ки дар террори сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, мубошират, мубодират ва омирият доштанд, амри боздошт содир шудааст."

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, "Алӣ ал-Қаси Меҳр", додситони Теҳрон рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои олии қазоии Эрон бо ишора ба иқдомоти анҷомшуда барои пайгирии парвандаи террори фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: "Афроде, ки дар террори сардор Сулаймонӣ омирият доштанд, аз масъулони сиёсӣ ва низомии Амрико ва дигар давлатҳо шиносоӣ шуданд, ки тавассути мақоми қазоӣ барои онҳо дастури ҷалб ва эълони вазъияти қирмиз аз тариқи полиси байналмилалӣ содир шудааст. Додситони Теҳрон унвони иттиҳоми ин афродро "қатл" ва "иқдоми террористӣ" эълон кард ва афзуд: дар садри ин феҳрист Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико қарор дорад ва таъқиби қазоии ӯ ҳатто пас аз поёни давраи масъулияташ низ пайгирӣ хоҳад шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки бомдоди ҷумъа (3 январи соли 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Муҳандис, ноиби раиси Басиҷи мардуми Ироқ (Ал-Ҳашду Шаъбӣ)  ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруи мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расид. Бар асоси эълони Пентагон (вазорати ҷанги Амрико) дастури ин ҳамлаи ҳавоиро раисҷумҳур ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Амрико Доналд Трамп эълон карда буд.