Июн 30, 2020 10:13 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико нахустин кишваре аст, ки кишварҳои тобеи қонунро муҷозот мекунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Твиттер аз зӯргӯиҳои Амрико ба унвони кишваре, ки худ БАРҶОМ-ро поймол карда ва кишварҳои дигарро низ ба зӯр водор ба чунин коре мекунад, интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба зӯргӯиҳои Амрико дар қазияи БАРҶОМ дар Твиттер навишт: Амрико на танҳо худи БАРҶОМ-ро поймол карда, балки кишварҳои дигарро низ ба зӯр водор ба чунин коре мекунад.

Зариф афзуд: Амрико нанги табдил шудан ба нахустин кишваре дар таърихи Созмони Миллали Муттаҳид, ки кишварҳои тобеи қонунро ба далели поймолсозӣ накардани як қатъномаи Шурои амният (мушаххасан қатъномаи 2231)-ро низ бо худ дорад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо поймолсозии тааҳҳудоти Вашингтон зайли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Давлати Трамп пас аз ин иқдоми ғайриқонунӣ то кунун борҳо, ҷомеаи байналмиллалро ба далели талош барои ҳифзи БАРҶОМ ва пойбандӣ ба қатъномаи 2231-и Шурои амният таҳдид кардааст.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ рӯбарӯ шудааст.