Июн 30, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон вориди арсаи тавлиди воксани Ковид-19 шуд

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз оғози марҳилаи озмоиши инсонии воксани Ковид-19 дар Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Намакӣ рӯзи сешанбе дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳи байналмилалии доруи "Фармекс ғарби Осиё 2020" дар Теҳрон бо ишора ба талоши муҳаққиқони эронӣ барои тавлиди воксани бемории Ковид -19 гуфт: Тести ҳайвонии воксани эронӣ бомуваффақият тай шудааст ва ба зуди марҳилаи озмоиши инсонии он оғоз мегшавад.

Вазири беҳдошти Эрон ба афзоиши тавлидоти дохилӣ дар ҳавзаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ низ ишора кард ва гуфт: "Дар шароити сахти таҳрим ҳеҷ беморӣ дар Эрон барои таҳияи доруҳои асосии худ дучори мушкил нашудааст.

Вазири беҳдошти Эрон тасреҳ кард, дар даврони шуюи густариши вируси корона дар ҷаҳон бо ҳиммати ҷавонон ва ширкатҳои тавлидӣ, Эрон тавонист дар муддати 60 рӯз аз воридкунандаи ақломи мавриди ниёзи ҳифозатӣ ва дармонӣ ба содиркунандаи матраҳи ин ақлом табдил шавад.

Намоишгоҳи байналмилалии санъати доруии "Фармекс ғарби Осиё 2020" рӯзи сешанбе бо ҳузури тавлидкунандагон ва мутахассисони ин санъат  ва бо ҳузури маҷозии вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон кушоиш ёфт.