Июн 30, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии се шеваи омӯзиш ба донишҷӯёни ғайри эронӣ дар даврони корона

Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон чигунагии омӯзиши донишҷӯёни ғайри эронӣ машғул ба таҳсил дар донишгоҳҳои Эронро дар даврони корона эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар нақл аз Ирна, Муҷтабо Сидиқӣ раиси Созмони умури донишҷӯёни вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт: шеваи омӯзиш ба донишҷӯёни ғайри эронӣ пеш аз корона шеваи ҳузурӣ буд, аммо Вазорати улум барои идомаи омӯзиш ба донишҷӯёни хориҷӣ ба шеваи ҳузурӣ (дар сурати коҳиши корона) шеваи таркибии ҳузурӣ ва онлайн ва шеваи сирфан онлайн ва аз роҳи дур, барномарезӣ кардааст. 

Муовини вазири улуми Эрон гуфт ҳудуди 16 ҳазор донишчӯи хориҷӣ шоғил ба таҳсил дар Эрон ҳамзамон бо шуюи корона аз кишвар хориҷ шуданд ва донишгоҳҳо бо баррасии шароит,дар бораи идомаи таҳсили ин донишҷӯён ба шакли ҳузурӣ ё ғайри ҳузурӣ ва ё таркибӣ, тасмимгирӣ мекунад.

Сидиқӣ таъкид кард: зерсохтҳои фаннӣ ва иртиботии омӯзиш аз роҳи дур дар донишгоҳҳои кишвар фароҳам аст ва бо тақвияти ин зерсохтҳо метавон ба донишҷӯён аз саросари ҷаҳон омӯзиши расмӣ дод.

Муовини вазири улум, таҳқиқот ва фанноварӣ афзуд: то кунун бештари донишҷӯёни ғайри эронӣ шоғил ба таҳсил дар Эрон аз кишварҳои ҳамсоя ва исломӣ буданд, аммо ирояи омӯзиш ба шеваи аз роҳи дур ва онлайн ин имконро медиҳад то аз саросари дунё донишҷӯ ҷазб кунем.