Иқдомҳои вижаи Эрон барои муқобилаи таҳарукоти Амрико
(last modified 2020-06-30T14:31:44+00:00 )
Июн 30, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Иқдомҳои вижаи Эрон барои муқобилаи таҳарукоти Амрико

Амрико баъд аз хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ , корзори ҳамаҷониба барои фишор овардан бар Ҷумҳурии исломии Эрон ба роҳ андохтааст.

Дар ҳамин росто мақомҳои Амрико , пешнависи қатъномаеро ба Шурои Амният ироа додаанд ,ки ба муҷиби он мамнуъияти таслиҳотии дарҷшуда дар қатъномаи 2231 Шурои Амният алайҳи Эрон барои муддати номаҳдуде тамдид хоҳад шуд.

Мамнуъиятҳои марбут ба фуруши таслиҳот ба Эрон ба муҷиби мафоди қатъномаи 2231 Шурои Амният рӯзи 18 октиябри 2020 бардошта хоҳад шуд. Бинобар ин ҳар иқдоме дар ҷиҳати идомаи таҳримҳои таслиҳотии Эрон хилофи қатъномаи Шурои Амният аст ,ки осор ва паёмадҳое дорад ва кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бояд посухгуи он буда ва авоқибашро бипазиранд. Аббос Мусавӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишаст бо хабарнигорон бо ин ҳушдор таъкид кард Ҷумҳурии исломӣ дар бораи тавонмандиҳои дифоии худ бо касе шухӣ надорад

Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ифтихори инро дорад ,ки ҳамаи таҷҳизот ва адавоти низомиро барои неруҳои мусалаҳ , дар дохил тавлид мекунад ва чигуна вобастагӣ ба кишварҳои хориҷӣ надоранд.

Пешрафтҳои мушакӣ ва худкифоии Эрон дар тавлиди анвои мушакҳои боластик ва пурқудрат танҳо намунае аз зарфиятҳои дифоӣ ва боздорандагии Эрон аст. Дар хусуси ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ ва хариди таслиҳотӣ низ Эрон мунтазири иҷозаи кишварҳои дигар намешавад. Изҳороти сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон паёми равшане дар ин замина дорад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи вокуниши Теҳрон ба тамдиди эҳтимолии таҳримҳои таслиҳотӣ гуфт ; Ҷумҳурии исломии Эрон  иқдомҳои вижае барномарезӣ кардааст ,ки бар ҳасби шароит дар бораи он тасмимгири мешавад аммо Теҳрон муътақид аст , онқадар ақл ва дироят бояд вуҷуд дошта бошад ,ки кор ба онҷо нарасад. Барои тасвиби қатъномаи ироашуда аз ҷониби Амрико ,ки нақзи ошкори қатъномаи Шурои Амният дар бораи БАРҶОМ аст , лозим аст 9 узв аз маҷмуъи 15 узви Шурои Амният ба он райи мувофиқ диҳанд ва ҳеҷ кадом аз аъзои доим низ аз  ҳақи вату истифода накунанд. Аз миёни панҷ узви доим , ба ҷуз Амрико ,ки худ пешниҳод диҳандаи қатънома аст , Русия , Чин , Англис , ва Фаронса мухолифати худро бо иқдоми Амрико дар ин замина эълон кардаанд. Дафтари намояндагиидоими Чин дар Созмони Милалл ахиран бо таъкид бар ин Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ таъаҳудоти худ зели қатъномаи 2231 Шурои Амниятро зери по гузошта , эълон кард , Амрико ҳеҷ ҳақе барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон надорад чи бирасад ба ин ,ки бихоҳад созу кори бозгашти худкори таҳримҳоро фаол кунад.

Вазорати хориҷаи Русия низ таъкид кардааст , Амрико наметавонад аз қатъномаи 2231 Шурои Амнияти Созмони Милалл барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон истифода кунад.

Бархе коршиносон ва ҳатто касоне ,ки ҳомии тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон ҳастанд, бар ин боваранд ,ки агар  Помпео бихоҳад ин корро аз тариқи чорчуби БАРҶОМ анҷом диҳад , таъсироти густардатар хоҳад дошт ва мункин аст ба нобудии БАРҶОМ бианҷомад.

Барчасп