Номаи Зариф ба Борелл; зарурати пойбандии кишварҳои аврупоӣ ба БарҶом
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар номае ба масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи БарҶом, як бори дигар мавориди пойбанд набудани кишварҳои аврупоиро тибқи банди 36-и БарҶом, ба комиссияи муштарак ҷиҳати ҳаллу фасл ирҷоъ дод.
Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи ҷумъа бо ишора ба иқдоми ғайримасъулонаи се давлати аврупоӣ (Олмон, Англия ва Фаронса) дар ироаи пешнависи қатънома дар Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва ҳамчунин тадовуми пойбанд набудани онҳо ба тааҳҳудоти байналмилалии ношӣ аз БарҶом тасреҳ кард:
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар номае ба Джозеф Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи БарҶом, ҳар гуна мудохила дар ҳамкориҳои подмонии ҷорӣ байни Эрон ва Агентиро дорои таъсироти манфӣ бар мабонии ҳамкориҳои подмонии маҷуд ва муғойир бо мафоди БарҶом донист.
Мӯсавӣ ҳамчунин бо ишора ба зарурати интифои комили Эрон аз осори иқтисодии низоми рафъи таҳримҳо ба наҳви пешбинишуда дар БарҶом таъкид кард:
Теҳрон дар қиболи ҳар гуна зиёдахоҳӣ ва рафторҳои ғайримасъулона, иқдомоти лозим ва мутаносибро иттихоз хоҳад кард.