Июл 04, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ; масъули рабуда шудани чаҳор дипломати Эрон дар Лубнон

Сию ҳашт сол аз воқеаи рабуда шудани 4 дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон мегузарад.

Саидмуҳсени Мусавӣ- кордор, Аҳмади Мутавассилиён- вобастаи низомии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тақии Растгормуқаддам- мушовири техникии сафорати Эрон дар Бейрут ба ҳамроҳи Козим Ихвон- хабарнигори ИРНА, дар 5 июли 1982 дар иқдоме террористӣ дар нуқтаи ист ва бозрасии Барбора дар шимоли Лубнон; тавассути маздурони режими саҳюнистӣ рабуда шуданд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе ба ин муносибат тасреҳ кард; ҳамонтавр, ки тайи ин солҳо эълом шудааст, шавоҳид ва мадорик гӯёи он аст, ки дипломатҳои рабуда шуда дар Лубнон, ба неруҳои ишғолгари режими саҳюнистӣ таҳвил дода шуда ва мутаоқибан ба сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил шудаанд ва акнун дар зиндонҳои ин режими номшруъ ба сар мебаранд.

Иттилоот ва ҳуҷҷатҳои марбут ба ин иқдоми террористӣ нишон медиҳад ҷараёни ниманизомии таҳти фармондеҳии Или Ҳабиқа ва сипас Самир Ҷаъҷаъ, ки аз пойгоҳҳои саҳюнистӣ дар Лубнон ба шумор мерафт дар ин рабоиш нақш доштанд ва дипломати эронӣ пас аз рабуда шудан ба воситаи ҳамин афрод ба Фаластини ишғолӣ мунтақил шуда ва дар ихтиёри воҳидҳои Мусод қарор гирифтанд.  

Или Ҳабиқа, гуфта буд, ки ин хости Исроил буд, ки ниманизомиёни масеҳии Лубнон дипломатҳои рабудашудаи эрониро ба Исроил мунтақил намоянд. Самир Ҷаъҷаъ низ, ки дар соли 1982 аз раҳбарони аслӣ ва тасмимгиранда ва бо нуфузи ниманизомиёни Фаланж буд бо Ҳабиқа дар қолаби як гурӯҳи воҳид амал мекард, дар мусоҳибае бо маҷаллаи Ал-Васат чопи Лубнон дар 31 августи 1997 асорати афроди мазкур ба дасти авомили режими саҳюнистиро таъйид кард.  

Саидҳасани Насруллоҳ дар ин бора мегӯяд: Нишонаҳое вуҷуд дорад, ки дипломатҳои эронӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд.

Исроил дар гузориши худ иддао мекунад, ки чаҳор дипломати эронӣ тавассути Фаланжҳо рабуда шуда ва ба дасти ин неруҳо кушта шуданд ва ҷасадҳои онон дафн шудааст. Исроил душмани мо аст ва мо наметавонем ба гузоришҳои он эътимод кунем. Ҳамонтавр, ки исроилиҳо дар гузашта ҳам ҳузури баъзе асирон дар зиндонҳои худро такзиб мекарданд, аммо мушаххас шуд, ки ин асирон дар зиндонҳои ин режим будаанд.  

Дар ин моҷарои террористӣ чанд нукта вуҷуд дорад.  

Нахуст он ки масъулият ва авоқиби ин иқдоми террористӣ бо таваҷҷуҳ ба собиқаҳое, ки режими саҳюнистӣ дар ин замина дорад амре қатъӣ ва ғайри қобили инкор аст.  

Нуктаи дувум тааллули созмонҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар ин заминааст. Агар ҳамин иттифоқ дар мавриди як кишвари аврупоӣ ва ё дар Амрико рух медод; ҷанҷоле барпо шуда буд ва аз ҳамаи роҳҳо аз сафарбар кардани ҳайатҳои таҳқиқ то судури қатънома барои равшан шудани мавзӯъ дар дастури кори фаврӣ қарор мегирифт.  

Нуктаи севум ин ки иқдомоти террористӣ аз ибтидо абзори режими саҳюнистӣ барои идомаи таҷовузгариҳояш будааст. Дар воқеъ Исроил омили ноамнӣ ва шарорат ва хостгоҳи терроризм дар минтақа аст.  

Идвард Сноден- корманди собиқи Созмони CIA дар ҳамин замина мегӯяд: Режими саҳюнистӣ, Амрико ва Англис тарҳи муштараке ба номи «лонаи занбур»-ро тарроҳӣ кардаанд, ки таи он, Сурия ба конуни ҷазби унсурҳои террористии пароканда дар саросари ҷаҳон табдил шудааст.

Рӯзномаи англисизабони Индипендент  ҳам чанде қабл дар мақолае бо номи «Кушандатарин терроркунандагони ҷаҳон» аз Мусод бо номи «Мошини қотили бераҳми Исроил» ном бурд ва бо баршумурдани террорҳо навишт: Дар ҳамаи ин террорҳо имзои сервиси махфии Исроил дида мешавад.  

Бо таваҷҷуҳ ба маҷмӯаи шавоҳид ва мустанадот; Ҷумҳурии Исломии Эрон масъулияти сиёсӣ ва ҳуқуқии рабоиш ва ин иқдоми террористиро мутаваҷҷеҳи режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он медонад ва аз Созмони Миллал низ мехоҳад, ки бидуни мулоҳизоти сиёсӣ ба масъулияти худ амал кунад.