Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 199 ҳазор нафар
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори нави мубтало ба КОВИД- 19 ва беҳбудии ҳудуди 199 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори афроди олуда ба вируси корона дар Эрон эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта ду ҳазору 449 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 148 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти дармонӣ ироа шуд.
Лорӣ афзуд: Маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 237 ҳазору 878 нафар расидааст.
Вай ҳамчунин гуфт: Дар 24 соати гузашта 148 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 ҳазору 408 нафар расид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 198 ҳазору 949 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 11 миллиону 210 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 529 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва камаш шаш миллиону 356 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.