Июл 05, 2020 14:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тавтеаи душманон зидди иқтисоди Эрон ба натиҷа намерасад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Тавтеаи душманон барои фуру пошондани иқтисоди Эрон ба натиҷа нахоҳад расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар ҷаласаи Ситоди иқтисодии давлати Эрон гуфт: Орзуи деринаи мардум ва нухбагони кишвар дар амалисозии иқтисоди бидуни нафт пайрезӣ шудааст ва бо вуҷуди талотумҳо ва таконаҳои шадиди иқтисодии бархоста аз таҳримҳои золимона ва шуйюи вируси корона, раванди шохисҳои аслии иқтисоди Эрон дар бахши тавлид ва содирот ба хубӣ пеш меравад.

Рӯҳонӣ гуфт: Душманони Эрон дар як амалиёти равонии печида бо ташдиди фишорҳои иқтисодӣ ба думболи ба шикаст кашондани таҷрибаи иқтисоди бидуни нафт дар Эрон ҳастанд.

Вай афзуд: Душманон аз як тараф бо ҳадди аксари тавон монеъ аз интиқоли дороиҳои Эрон ба дохили кишвар мешаванд ва аз тарафи дигар шабонарӯз илқо мекунанд сиёсатҳои иқтисоди бидуни нафт муваффақ набуда ва нишонаҳои онро ҳам на шохисҳои аслӣ, ки сирфан навасонҳои нархи бархе колоҳо ва нархи арз эълом мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар се соли гузашта бо вуҷуди таҳримҳои золимона, содир нашудани нафт ва мушкилоти эҷодшуда дар заминаи дарёфти дороиҳои арзии Эрон дар хориҷ аз кишвар, нархи арз контрол шудааст ва бо бозгашти мубодилоти тиҷорӣ ба риволи қабл аз ҳамагирии корона, дар моҳҳои оянда содирот ва воридот ба ҳолати табиӣ боз хоҳад гашт.

 

Барчасп