Фармондеҳи баландпояи сипоҳ: Неруи баҳрии сипоҳ кобуси Амрико дар Халиҷи Форс аст
(last modified Mon, 06 Jul 2020 05:21:17 GMT )
Июл 06, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи баландпояи сипоҳ: Неруи баҳрии сипоҳ кобуси Амрико дар Халиҷи Форс аст

Фармондеҳи неруи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Неруи баҳрии сипоҳ кобуси Амрико дар Халиҷи Форс аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, дарёдор Алиризо Тангсирӣ рӯзи якшанбе афзуд: Шаҳрҳои зерзаминӣ дар ҳамаи савоҳили ҷануби Эрон густариш ёфтааст ва Сипоҳи посдорон новчаҳои мушакандозро дар ихтиёр дорад, ки ҳар замоне, ки салоҳ бошад, онро ба намоиш хоҳад гузошт.

Дарёдор Тангсирӣ бо ишора ба ҳузури неруи баҳрии Сипоҳи посдорон дар Халиҷи Форс ва маъмурияти ҳифозат аз ҷазираҳо, соҳилҳо, сакуҳои нафтӣ ва контроли убуру мурур дар гулӯгоҳи Ҳурмуз тасреҳ кард: Амрикоиҳо бо ҳузури ғайриқонунии худ омили ноамнии Халиҷи Форс ҳастанд ва ҳарчи зудтар бояд ин минтақаро тарк кунанд.

Фармондеҳи неруи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин гуфт: Вуруди шиноварҳои дорои пешбарандаҳои ҳастаӣ дар Халиҷи Форс тибқи қавонини муҳити зист мамнуъ аст ва агар иттифоқе барои шиноварҳои бо рониши ҳастаӣ биафтад, ҳеҷ ҷондоре дар Халиҷи Форс зинда нахоҳад монд ва дастрасии кишварҳои минтақа ба оби солим аз байн меравад.