Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон; Беҳбудии беш аз 204 нафар
Сухангӯи Вазорати бещдошти Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 ва беҳбудии беш аз 204 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, даромн ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 613 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1468 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамотӣ ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба 243 ҳазору 51 нафар расидааст афзуд: дар тӯли 24 соати гузашта, 160 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 ҳазору 731 нафар расид.