Июл 07, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории  нишасти паёмадҳои

Нишасти паёмадҳои "Тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ" дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, мудири кулли Ғарби Осиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳадафи режими саҳюнистӣ аз иҷрои тарҳи илҳоқи заминҳои бештаре аз Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба сарзаминҳои ишғолиро маҷбур кардани фаластиниҳо ба тарки манзилҳои худ ва аз байн бурдани сарзаминҳои онҳо унвон кард. Ҳамидризо Деҳқонипуда- мудири кулли Ғарби Осиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти маҷозии паёмадҳои "Тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои таҳти ишғоли режими саҳюнистӣ" гуфт: Роҳкори мубориза бо режими ғосиби Исроил ва озодсозии Қудси шариф иттиҳоди байни миллатҳои мусулмон аст.

Деҳқонипуда бо баёни ин ки мавзӯи Фаластин, масъалаи ҳамаи кишварҳои мусулмон ва озодихоҳи ҷаҳон аст, таъкид кард: Барои муваффақият роҳе ҷуз идомаи муқовимат вуҷуд надорад ва дар ин роҳ Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз ваҳдати фаластиниҳо ва озодсозии Қудси шариф ҳимоят кардааст.

Холид Қудумӣ- намояндаи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Теҳрон низ дар ин нишаст гуфт: Яке аз аҳдофи Исроил нобудии ҷабҳаи муқовимат ва касби машрӯият аст, ки ин иқдомот ҷойгоҳи қонунӣ ва байналмиллалӣ надорад.

Қудумӣ таъкид кард: Агар режими саҳюнистӣ тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолиро думбол кунад, интифозае дигар сурат хоҳад гирифт.