Истеҳсоли Кока-колаи эронӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55213-Истеҳсоли_Кока_колаи_эронӣ_дар_Афғонистон
Робитаҳои умумии ширкати "Замзам"-и Эрон истеҳсоли нӯшокиҳои Замзам дар Афғонистонро дар ояндаи наздик эълон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Истеҳсоли  Кока-колаи эронӣ дар Афғонистон

Робитаҳои умумии ширкати "Замзам"-и Эрон истеҳсоли нӯшокиҳои Замзам дар Афғонистонро дар ояндаи наздик эълон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , равобити умумии ширкати замзами Эрон ба расонаҳои Афғонистон эълом кард дар чорчӯби тавсеъаи б бренди Эронии Замзам дар бозорҳои минтақаӣ , тавлиди нӯшобаи таҳти гувоҳиномаи Замзам дар Афғонистон дар дастури кории ин ширкат  қарор гирифтааст . Бар асоси ин тасмим  пас аз музокира бо ширкатҳои мухталиф , ду ширкати " Содот Колаи Афғонистон  ва "  Паӣмон созаи пойдор  " тавлиди нӯшобаҳои Замзамро бо таъмҳои мухталиф аз чанд рӯзи дигар дар шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон оғоз мекунанд .
Раванди муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Эрон дар солҳои ахир рӯ ба рушд будааст.