Истеҳсоли Кока-колаи эронӣ дар Афғонистон
Робитаҳои умумии ширкати "Замзам"-и Эрон истеҳсоли нӯшокиҳои Замзам дар Афғонистонро дар ояндаи наздик эълон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , равобити умумии ширкати замзами Эрон ба расонаҳои Афғонистон эълом кард дар чорчӯби тавсеъаи б бренди Эронии Замзам дар бозорҳои минтақаӣ , тавлиди нӯшобаи таҳти гувоҳиномаи Замзам дар Афғонистон дар дастури кории ин ширкат қарор гирифтааст . Бар асоси ин тасмим пас аз музокира бо ширкатҳои мухталиф , ду ширкати " Содот Колаи Афғонистон ва " Паӣмон созаи пойдор " тавлиди нӯшобаҳои Замзамро бо таъмҳои мухталиф аз чанд рӯзи дигар дар шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон оғоз мекунанд .
Раванди муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Эрон дар солҳои ахир рӯ ба рушд будааст.