Июл 07, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии Эрон бо Авруосиё: зиёда аз 2 миллиард доллар

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон бо иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёи баъд аз иҷроӣ шудани мувофиқатномаи тиҷоратии тарҷеҳӣ дар 27 октябри 2019 , ба беш аз ду миллиарду 417 миллион доллар расидааст .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Козим  Ҷалолӣ сафири Эрон дар Русия  рӯзи сешанбе дар нахустин кори гурӯҳи муштараки тиҷории Эрону иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё гуфт : 72 дарсад аз мизони тиҷорати хориҷии Эрону Авруосиё  саҳми воридот ва 28 дарсад низ саҳми содироти  Эрон будааст .
Ҷалолӣ изҳор дошт иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳии миёни Эрону иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё  мунҷар ба тавсеъаи равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон худ шудааст .
Сафири Эрон дар Русия таъкид кард ҳузури фаъол дар эътилофҳои минтақа ва густариши равобити иқтисодӣ бо ҳамсоягон аз сиёсатҳои усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст .
Аввалин кори гурӯҳи муштараки тиҷорати Эрону иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бо ҳузури масъулони созмони гумруки Эрону Русия , Козим  Ҷалолӣ сафири Эрон дар Маскав ва раиси руси ҳайати камиссиюни иқтисодии Авруосиё рӯзи сешанбе ба сурати видео-конференсия баргузор шуд .
 Ҳамзамон бо шомил шудани Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тарифҳо ба 700 маҳсулоти содиротии Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар аввал тақрибан 80 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ҳоли ҳозири Русия , Қазоқистон , Беларус , Арманистону Қирғизистон  панҷ  узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд .