Озарбойҷон бозҳам истифода аз ҳарими ин кишвар алайҳи Эронро такзиб кард
Давлати ҷумҳурии Озарбойҷон гузориши бархе расонаҳои минтақа бинобар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии ношинос ба Эрон аз тариқи ҳарими ҳавоии ин кишварро такзиб кард.
Бархе расонаҳои минтақа иддао карданд , родори Куинтер Русия ҳавопаймоҳои ношоносро радёби кардаанд ,ки аз тариқи арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон вориди арозии Эрон шудаанд. Пас аз вуқуи ҳодисаи ахир дар Натанз , гумоназаниҳои зиёде пиромуни амалиёти тахриб дар ин муҷтамаи ҳастаӣ матраҳ шудааст. Дар ин иртибот, Кайвон Хусравӣ сухангуи Дабирхонаи Шурои олмм амнияти миллии Эрон эълон кард ; баррасиҳои фаннӣ ва амниятии анҷомшуда аз суи дастгоҳҳои зирабт, иллати вуқуи ҳодиса дар муҷтамаи ҳастаии шаҳид Аҳмадӣ равшан дар Натанзро ба сурати дақиқ мушахас кардааст.
Ба ҳар ҳол, дар паи иддаоҳои расонаҳои минтайа , Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо интишори баёнияе , ин иддаоро беасос ва дур аз воқеият дониста ва таъкид кардааст ; ҳадаф аз интишори чунин гузоришҳое, туҳмати ҳадафмандона ва хадашадор кардани робитаҳои ҳамсоягии хуб миёни Теҳрон - Боку аст.
Ин нахустин бор нест ,ки давлати Илҳом Алиев хабарҳои муртабит ба истифодаи Исроил ва Амрикоро аз ҳарими ҳавоии ин кишвар алайҳи Эронро такзиб мекунад. Пеш аз ин, мавзуи ҷосусии паҳподҳои исроилӣ алайҳи Эрон -ки ҳадаф қарор гирифт - ҳатто терори донишмандони эронӣ тавассути авомили вобаста ба Созмони ҷосусии Исроил бо истифода аз арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон борҳо матраҳ шудааст.
Аммо мақомҳои давлати Илҳом Алиев , ҳар бор ин маворидро такзиб кардаанд. Такзиби мавориди истифодаи Исроил аз арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи Эрон дар ҳоле сурат гирифт ,ки бархе аз ифшогариҳо аз ҳамкориҳои Созмонҳои амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Исроил дар ин иртибот ҳикоят дорад. Танҳо ба унвони як намуна , метавон ба эътирофҳои Ҷамолии Фашӣ яке аз авомили терори донишмандони ҳастаии Эрон ишора кард. Ҷамолии Фашӣ , яке аз авомили терори шаҳид Мустафо Аҳмадӣ Равшан донишманди ҳастаии Эрон , дар ҷараёниэътирофҳои худ , тасриҳ кард ;
Авомили Мувсод Ӯро аз тариқи арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Исроил мунтақил карда ва омӯзишҳои терорристӣ додаанд.
Ба ҳар ҳол, мақомҳои Боку ҳар бор интишори гузоришҳои мустанад пиромуни ҷосусии Исроил алайҳи Эрон аз тариқи арозии Ҷумҳурии Озарбойҷонро такзиб кардаанд.
Ба рағми ваъдаҳои мақомҳои озарӣ бешак фаолиятҳои Исроил алайҳи Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо тавҷияи мантиқӣ надорад, балки робитаҳои ду кишвари мусалмон ва ҳамсояро таҳти таъсир барои давлати Илҳом Алиев нест. Ба унвони мисол, ҳафтаи гузашта, як коршиноси умури низомии Арманистон - ки аз фаолони расонаии наздик ба Вазорати дифои Арманистон аст- ба шарти эълон нашудани номаш , фош кард ; режими саҳюнистӣ ба манзури мутақоид кардани Арманистон ба эъзоми сафир ба Исроил , бо интиқоли исрори низомии Ҷуумҳурии Озарбойҷон ба Айравон мувофиқат кардааст.
Дар маҷмуъ , бояд гуфт дар ҳоле ,ки робитаҳои Теҳрон ва Боку раванди рӯ ба рушде доранд ва мақомҳои ду кишвари ҳамсоя барои густариши робитаҳо талош мекунанд, ҳаргуна робитаи давлати Илҳом Алиев бо режими саҳюнистӣ бо манфиатҳои дарозмудати ин кишвари мусалмон муғойират дорад.