Ироаи гузориши вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи террори сардор Сулаймонӣ
(last modified Thu, 09 Jul 2020 14:54:30 GMT )
Июл 09, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ироаи гузориши вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи террори сардор Сулаймонӣ

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ ба Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон, ҷиноёти низомиёни амрикоиро дар террори фармондеҳи шаҳиди нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ғайриқонунӣ хонд.

Агнес Коломорад, гузоришгари вижаи Сзомони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе гузориши ҳамлаи паҳподи Амрико ва ба шаҳодат расондани сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамразмонаш дар Бағдодро ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ироа кард.

Коломорад дар гузориши худ овардааст: Генерал Сулаймонӣ ба унвони як масъули баландпояи давлатӣ, дар як кишвари солиси дорои ҳокимият ҳадаф қарор гирифт ва ин хилофи қавонини байналмилалӣ аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки бисёре аз кишварҳо бидуни вуҷуди қавонине дар бораи истифода аз паҳподҳо, аз ин навъ паҳподҳо дар ҷангҳои худ истифода мекунанд ва стандартҳои мушаххасе дар ин бора вуҷуд надорад.