Ифшогарии нохостаи Пампео дар бораи иллати сиёсати эронҳаросии Амрико
Вазири умури хориҷаи Амрико зимни такрори иддаоҳои эронҳаросонаи худ эътироф кард, бо ин иддаоҳо тавонистаанд таслиҳоти зиёдеро ба кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс бифурӯшанд.
Ба гузориши ИРНА, Майк Пампео рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии маҷозӣ бо хабарнигорони хориҷӣ, дар посух ба суоле дар бораи барномаҳои Амрико барои тақвияти тавонмандиҳои дифоии кишварҳои халиҷи Форс дар баробари он чӣ таҳдиди мушакии Эрон хонда шуда, ба се роҳкори мадди назари Вашингтон ишора кард.
Пампео ин се роҳкорро тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон, афзоиши фурӯши силоҳ ба кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва иқдомоти махфӣ хонд.
Пампео гуфт: “Мо як тавофуқномаи олӣ барои кумак ба шариконамон дар халиҷи Форс фароҳам карда ва кумакҳои зиёде ба онҳо кардаем, аз ҷумла ин ки ба онҳо анвои силоҳҳоро фурӯхтаем”.
Вазири умури хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт, Амрико аз Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс интизор дорад Вашингтонро дар пешбурди тарҳи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон ёрӣ диҳанд.
Давлати Трамп, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро тарк кардааст, моҳҳост мекӯшад то мамнуияти таслиҳотии Эронро, ки октябри имсол ба сабаби ин тавофуқ пас аз 13 сол барчида мешавад, тамдид кунад.
То кунун Русия ва Чин ба шиддат бо он мухолифат кардаанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ба сароҳат эълом кардааст, ҳар гуна ҳаракат дар ин масир ба маънои поёни БарҶом хоҳад буд.