Мӯсавӣ: Эрониҳо ҳамвора сулҳталаб ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55314-Мӯсавӣ_Эрониҳо_ҳамвора_сулҳталаб_ҳастанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки ҷойгоҳи ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон дар тавлиди сулҳ ва ҳимоят аз он қобили муқоиса бо нақши Ҷумҳурии исломии Эрон нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2020 06:53 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Эрониҳо ҳамвора сулҳталаб ҳастанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки ҷойгоҳи ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон дар тавлиди сулҳ ва ҳимоят аз он қобили муқоиса бо нақши Ҷумҳурии исломии Эрон нест.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъаи дар Исфаҳон (маркази Эрон) афзуд:

Эрониҳо ҳамеша дар тӯли таърих сулҳталаб буданд ва намунаи онро дар рафтор ва ақоиди сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар охирин маъмурияти худ барои сулҳу созиш дар минтақа, ба Бағдод рафта буд, метавон дид.

Мӯсавӣ бо ишора ба иқдомоти Эрон барои эҷоди дӯстӣ ва сулҳ дар ҷаҳон тасреҳ кард: Кӯмакҳои Эрон ба Афғонистон барои ташкили давлат ва ҳамчунин ба Ироқ дар эҷоди сулҳ ва ҳимоят аз гуфтугӯи сурӣ - сурӣ, ҳамаи ин нишондиҳандаи сулҳтлабии эрониён будааст.