188 маврид фавтидаи нав бар асари КОВИД-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз 188 маврид фавтидаи нав бар асари КОВИД-19 хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 397 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 739 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ пас аз муоина, хизматрасонӣ шуд.
Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 188 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 ҳазору 635 нафар расид.
Лорӣ гуфт: Маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расидааст, ки то кунун 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.