Июл 12, 2020 21:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози сабтиноми давраи маҷозии равиши тадриси забони форсӣ барои ғайрифорсизабонон

Бунёди Саъдии Эрон давраи омӯзиши маҷозии ғайриҳамзамони равиши тадриси забони форсӣ барои ғайрифорсизабононро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломалии Ҳаддоди Одил- раиси Бунёди Саъдӣ эълом кард, ин давра маҳдудияти маконӣ ва замонӣ надорад ва ширкаткунандагон дар сурати қабулӣ дар озмуни поёнии ин давра, гувоҳиномаи байналмиллалӣ бо коди эътиборсанҷии Бунёди Саъдӣ дарёфт хоҳанд кард.

Шавқмандон метавонанд аз тариқи вуруд ба сомонаи омӯзиши маҷозии Бунёди Саъдӣ ба адреси зер дар ин давра номнавис кунанд. 

https://amooz.saadifoundation.ir/-course/courseid/423/