Июл 13, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои хориҷии Эрон: Барҷом маҳсули истиқболи Теҳрон аз таомул аст

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: собиқаи гуфтугӯҳо дар мавзӯҳои калидӣ баёнгари ҷиддият ва амалгароии Эрон дар барқарори сулҳ ва субот дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии  Садои Хуросони Разавӣ, Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар саҳифаи Твиттери худ ёдовар шуд: хуруҷи ғайриқонуни Америка аз тавофуқи Барҷом ба ин дастоварди чандҷониба осеби ҷиддӣ ворид кард. 
 
 Дар Твитти дигар Вазорати умури хориҷаи  Эрон омадааст: бо вуҷуди ин чолиш, Эрон ҳамзамон бо онки шарики қобили эътимод барои ҳамсоягони худ ва фаротар аз он буда ва хоҳад буд, худро мутааҳҳид ба таомули дипломатик медонад. 
 
 Дар идомаТвитт бо таъкид бар эътиқоди ҳамешагии Эрон ба гуфтугӯ тасреҳ шудааст: Теҳрон борҳо тарҳҳои сулҳи фарогириро барои минтақаи Ғарби Осиё пешниҳод дода, ки охирини он «эътилофи умед» аст. 
 
 Эрон дар ҳар мақтаи таърихии ҳассос барои оромиши минтақаи Халиҷи Форс тарҳҳоеро барои гуфтугӯ ва сулҳи минтақавӣ матраҳ кардааст. 
 
 Дар ҳамин ҳол, «Ҳасан Руҳонӣ» Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сентябри 2019 дар суханронии худ дар маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, зимни табйини мавозеи минтақавӣ ва байналмиллалӣ Эрон, тарҳи сулҳи  минтақавӣ бо унвони «эътилофи умед» ё «ибтикори сулҳи Ҳурмуз» -ро ироа кард.