Июл 14, 2020 11:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии нақзи тааҳудоти аврупоиҳо дар Камисиюни муштараки БАРҶОМ

Пас аз 13 соли музокираҳои байналмилаллии фишурда , барномаи Ҷомеи иқдоми муштараки БАРҶОМ дар 14 июл 2015 тафоҳум гардид . БАРҶОМ як ҳафта баъд бо қатъномаи 2231 Шурои амнияти милалли Муттаҳид таъйид шуд.

Эрон барои ҳифзи БАРҶОМ бо вуҷуди камкориҳо ва таалулҳои Аврупо дар иҷроии тааҳудоташ ; сабри роҳбурдӣ доштааст. Дар ҳоле ,ки рафтори барҷомии Аврупо иқдоми ҳаддиақалӣ ; дар муқобил пойбандии ҳаддиаксарии Эрон аст.

Сайид Аббос Ароқчӣ муовини вазири хориҷаи Эрон , рӯзи душанбе бо ишора ба пойбанд набудани се кишвари аврупоӣ ( Олмо , Аглия , ва Фаронса ) ба тааҳудоташон дар барномаи Ҷомеи иқдоми муштарки ( БАРҶОМ ) гуфт ; нақзи тааҳудоти аврупоиҳо дар Камисиюни муштараки БАРҶОМ баррасӣ мешавад.

Теҳрон барои иҷроии комили БАРҶОМ бо эҷоди дастррасиҳои назоратии Ожонс дар болотарин сатҳ , бештарин ҳамкориро бо Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ дошт. БАРҶОМ тааҳудоти чандҷониба аст ва бо ҳаракати яктарафа дар ин масир наметавон интизори натиҷаи ҳаддиаксариро дошт.

Як сол пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ; Шурои олии амнияти миллии ҷумҳурии исломии Эрон дар 8 моҳи майи 2019 бо санадҳо ба мавориди 26 ва 36 БАРҶОМ ; тасмим ба тавақуфи гом ба гом иҷроии иқдомҳои довталабонаи Эрон дар тааҳудоти ҳастаӣ гирифт. Ин тасмим дар як бозаи замони дар 5 марҳала иҷро шуд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе ба муносибати панҷумин солгарди имзои БАРҶОМ тасриҳ кард ; режими Трамп дар Амрико ба далели масоили интихоботи раёсати ҷумҳурӣ , дар талош аст ба як пирӯзӣ дар сиёсати хориҷии худ дар баробари Эрон даст ёбад, лизо нобудии беш аз пеши БАРҶОМро ба нафъи худ арзёбӣ мекунад ва дар талош аст то адами интифои кишвари Эрон аз манофеи сиёсии БАРҶОМро низ таҳақуқ бахшад. Бар асоси қатъномаи 2231 Шурои амният дар октияббри 2020 маҳдудиятҳои таслиҳотии ҷумҳурии исломии Эрон рафъ мегардад ва режими Трамп дар садад аст то қатъномаи 2231 ро мухтал созад.

Дар ин баёния таъкид шудааст режими султаталаби Амрико наметавонад беш аз ин ба далели тасалут бар сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ - пули байналмилаллӣ ,сиёсатҳои ғайри қонунии худро ба пеш бубурад, ва асри ҳокимияти қонун ба ин содагӣе ,ки Трамп фикр мекунад , хотима наёфта ва низоми байналмилалл ба асри ҳукмфармоии қонуни ҷангал бозгашт.

Гомҳои Теҳрон то кунун ҳомили паёми сиёсии муҳиме дар ин замина будааст ,ки нишон медиҳад ; қасди Теҳрон наҷоти БАРҶОМ бо бозгардондани тавозун миёни додаҳо ва ситондаҳои Эрон аст ; аммо ин раванд наметавонад абадӣ бошад.