Охирин омори мубталоён ба Ковид-19 дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди Ковид-19 ва беҳбудии беш аз 225 нафар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 521 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 820 маврид бистарӣ в шуданд ва ба бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 262 ҳазору 173 нафар расидааст.
Вай афзуд: дар 24 соати гузашта 179 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 13 ҳазору 211 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт то кунун 225 ҳазору 270 нафар беморон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба Ковид-19 дар ҷаҳон ба беш аз 13 миллиону 260 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 576 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам 7 миллиону 727 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.