Рӯҳонӣ: Эрон ҳаргиз таслими фишори қудратҳои бузург, ба вижа Амрико нахоҳад шуд
Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз таслими зӯру фишори қудратҳои бузург, ба вижа Амрико нахоҳад шуд, гуфт: Амрикоиҳо бидонанд, бо вуҷуди иқдомоти мухаррибашон алайҳи манофеи миллати Эрон, ҳаргиз ба аҳдофашон нахоҳанд расид.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ишора ба коҳиши таваррум ва рушди иқтисодии бидуни нафти кишвар, бо вуҷуди таҳримҳо ва мушкилоти ношӣ аз вируси корона хотирнишон кард: Эрон дар муқобили иқдомоти Амрико ҳаргиз мунзавӣ нашуда ва нахоҳад шуд ва раванди рушди иқтисодии он мутаваққиф намешавад.
Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба фаро расидани панҷумин солгарди бастани тавофуқи БарҶом, хуруҷи ғайриқонунии давлати Амрико аз БарҶомро натиҷаи талоши мусалласи шуми саҳюнистҳо, сарони иртиҷои минтақа ва тундравҳои Амрико хонд ва гуфт: Исботи сулҳталаб будани Эрон - беэътибор шудани таблиғоти чандсолаи зиддиэронӣ, номувафақ будани талоши душманон барои зарба задан ба амнияти миллии Эрон ва лағви қатъномаҳои Шӯрои амният зидди Теҳрон дастовардҳои БарҶом аст, ки то имрӯз ва бо вуҷуди талошҳои Амрико ҳамчунон ҳифз шудаанд.
Рӯҳонӣ дар идома поёни таҳрими таслиҳотии Эронро иқдоме барои ҳифзи ҳуқуқи байналмилал ва чандҷонибагароӣ донист ва таъкид кард: Теҳрон ба диққат ҳаракатҳо дар ин арсаро таҳти назар дорад.
Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд: Аъзои 4+1 (Русия, Чин, Англия, Фаронса, Олмон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ) бидонанд, имрӯз баҳси равобити Эрон бо онҳо ва ё кишварҳои минтақа матраҳ нест ва агар бо диққат амал накунанд, зарбаи бузурге ба чандҷонибагароӣ хоҳанд зад ва ҳама зарар мекунанд.