Июл 16, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони хориҷаи Эрон ва Малайзия бар зарурати истифода аз тиҷорати поёпой

Вазирони хориҷаи Эрон ва Малайзия тавофуқ кардаанд қарордоди таърифаи тарҷеҳӣ ва баргузории комисюни муштараки иқтисодӣ ниҳоӣ шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Доту Ҳишомуддин Ҳусейн, вазири умури хориҷаи Малайзия дар гуфтугӯи видеоконфронсӣ дар хусуси мавзӯоти дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳони Ислом табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯи тасвирӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи Малайзия ба унвони узви фаъоли Созмони ҳамкории Исломӣ, аз вазири умури хориҷаи ин кишвар даъват кард, дар ҳалли буҳрони Яман аз тариқи сиёсӣ ба унвони танҳо роҳи ҳал, ифои нақш кунад.

Зариф бо ишора ба ҳимояти Эрон  аз ҳар гуна ибтикори Малайзия барои истиқрори сулҳ ва хотима ёфтани буҳрони Яман хотирнишон кард: Теҳрон фаъолона барои таҳаққуқи сулҳ дар Яман кумак хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома аз мавзеи саҳеҳ ва усулии Малайзия дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин қадрдонӣ кард.

Доту Ҳишомуддин Ҳусен вазири умури хориҷаи Малайзия низ дар ин гуфтугӯйи тасвирӣ  бар тағирнопазир будани мавзеи Малайзия дар хусуси масалаи Фаластин ва ҷойгоҳи вижаи он дар қалби мардуми Малайзия таъкид кард.

Зариф ва Ҳишомуддин Ҳусейн ҳамчунин дар ин гуфтугӯ, баргузории комисюни муштариаки иқтисодиро аз роҳҳои тавсеаи тиҷорати поёпой (таҳотур ё бартер) донистанд.