Июл 17, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Пешрафти донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи корона

Вазири беҳдошти Эрон аз пешрафтҳои чанд тими таҳқиқотии эронӣ дар тавлиди ваксинаи бемории корона хабар дод.

Саид Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба фаъолияти 57 гурӯҳи таҳқиқотӣ барои тавлиди доруи бемории Ковид -19 афзуд: Дар таҳқиқоти ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои бисёр фаъол ҳузур дорад ва бо теъдоди бисёр болое аз маворид ва натоиҷи таҳқиқотӣ мушорикат мекунад.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, хушбахтона дар моделҳои ҳайвонӣ натоиҷи хубе ҳосил шудааст ва ба зудӣ ваксинаи тавлидии муҳаққиқони эронӣ рӯйи инсон ҳам имтиҳон хоҳад шуд.