Гуфтугӯи Зариф бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55541-Гуфтугӯи_Зариф_бо_вазири_умури_хориҷаи_Ҷумҳурии_Озарбойҷон
Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи даргирҳои ахири ин кишвар ва Арманистон гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 18, 2020 08:31 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Зариф бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи даргирҳои ахири ин кишвар ва Арманистон гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтуги телефонӣ бо Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷадиди Ҷумҳурии Озарбойҷон, зимни табрики интисоби ӯ ба унвони вазири умури хориҷаи ин кишвар, аз даргириҳои ахири миёни нерӯҳои озарӣ ва арманӣ ва ҷон бохтани шуморе аз низомиёни ду кишвар  ибрози таассуф кард.

Зариф бо таъкид бар густариши равобити дуҷонибаи Теҳрон-Баку гуфт:

Ҷумҳурии исломии Эрон омодаи миёнҷигарӣ ва коҳиши таниш миёни нерӯҳои низомии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.