Эъдоми ҷосуси CIA ва Мусод дар Эрон
Ҳукми эъдоми ҷосуси Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ва Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Мусод) иҷро шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Маҳмуди Мусавии Маҷд, ки ба ҷурми ҳамкорӣ бо Созмони ҷосусии CIA ва Мусод ба эъдом маҳкум шуда буд, субҳи имрӯз (душанбе) ба дори муҷозот овехта шуд.
Ин ҷосус дар баробари дарёфти доллари амрикоӣ дар ҳавзаҳои мухталифи амниятӣ ба вижа дар ҳавзаи неруҳои мусаллаҳи Эрон, неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва маҳалли ҳузури сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, иттилоотеро ҷамъоварӣ карда ва дар ихтиёри Амрико ва Исроил қарор дода буд, ки саранҷом шиносоӣ ва муҳокима шуд.
Мусавии Маҷд дар 10 октябри 2018 боздошт шуд ва шуъбаи 15 додгоҳи инқилоби исломӣ дар 25 августи 2019 ҳукми эъдоми вайро содир кард.
Ин овоз пас аз тай кардани фарояндҳои қонунӣ дар Девони олии қазоии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ таъйид шуда буд.