Бандари Чобаҳор ; Ҳалқаи иртиботи тиҷории Эрон дар сиёсати "Нигоҳ ба Шарқ"
(last modified Mon, 20 Jul 2020 09:45:57 GMT )
Июл 20, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Бандари Чобаҳор ; Ҳалқаи иртиботи тиҷории Эрон дар сиёсати

Нахустин маҳмулаи транзитии Афғонистон аз бандари шаҳид Биҳиштии Чобаҳор дар ҷанубу шарқии Эрон ба мақсади бандари Тёнҷини Чин ирсол шуд.

Беҳрӯзи Оқоӣ-мудири кулли созмони бандарҳо ва дарёнавардии устони Сиистон ва Балучистони Эрон рӯзи якшанбе бо эъломи ин хабар афзуд: Ин маҳмула(бор) аз тариқи Чобаҳор ба бандари Мундраи Ҳиндустон ирсол шуда, ки пас аз тахлия дар ин бандар ва боргирӣ ба киштии дигаре ба мақсади ниҳоии Чин мунтақил мешавад.

 Дар чорчуби тавофуқи сеҷонибаи Эрон ,Ҳинд ва Афғонистон ҳамчунин 14 киштии ихтисосӣ дар 2 соли ахир барои ҳамли колоҳои асосии Афғонистон аз ҷумла гандум ,ба бандари Чобаҳор ворид шудааст.

Ин бандар акнун ба як нуқтаи иртиботӣ ва ҳаётӣ барои ирсоли колоҳои Ҳинд ба Афғонистон ва фаротар аз он ба Осиёи марказӣ табдил шудааст.

 Бандари Чобаҳор танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи баҳри Макрон ва уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Бо таваҷҷуҳ ба узвияти Ҳинд дар долони байналмиллалии Шимол-Ҷануб, ин масир барои Деҳлии нав ин имконро фароҳам кардааст , ки ба бозори кишварҳои Осиёи марказӣ монанди Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ва захираҳои энергии онҳо ва ҳамчунин Туркия, Русия ва дар ниҳоят шимоли Аврупо дастрасӣ пайдо кунад.

 Раҷив Нараян-коршиноси аршади маркази хадамоти муттаҳиди Ҳинд мегуяд: Геополитикаи Чобаҳор ва фазои нави эҷодшуда, бозигарони нави фароминтақаиро низ ҷазби ин долон хоҳад кард ва мумкин аст мунҷар ба ташкили блоки наве аз ҳалқаҳои тиҷорӣ гардад.

Аз нигоҳи Афғонистон низ пайвастани ин кишвар ба баҳри Уммон ва уқёнуси Ҳинд аз тариқи бандари Чобаҳор аҳамияти иқтисодии вежа дорад, зеро Афғонистон як кишваре аст, ки ба обҳои озод роҳ надорад ва барои рушди иқтисоди худ ба дастрасӣ ба обҳои озод ниёз дорад. Чобаҳор бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти мумтози ҷуғрофиёӣ дар сатҳи ҷаҳон ва наздик буданаш ба Афғонистон беҳтарин макон барои фаъолиятҳои тиҷорӣ ва сармоягузории тоҷирони Ҳинд ва Афғонистон аст.

 Аз ҷанбаи фарогиртар, истифода аз зарфиятҳои тиҷорӣ ва транзитии чандҷонибаи бандари Чобаҳор бо таваҷҷуҳ ба аҳдофи роҳбурдии таърифшуда дар барномаи ҳамкории дарозмуддати Эрон ва Чин аҳамияти дучандоне ёфтааст.

 Дар воқеъ ҷойгоҳи Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳаракати ин кишвар дар чорчуби проэкти "Як камарбанд -як роҳ" ин фарзияро ба исбот мерасонад, ки дунёи оянда, дунёи иртибототи тиҷорӣ ва транзитӣ аст. Бандари Чобаҳор бо қарор гирифтан дар масири аслии "Як камарбанд -як роҳ", Чинро аз тариқи Туркия ба Аврупо пайванд месозад.

 Бино бар ин истифодаи ҳаддиаксарӣ аз зарфиятҳои геополитикӣ ва минтақаии ин бандар дар шароите, ки тавофуқоти ҷадиди минтақаӣ барои наздик шудани кишварҳо дар ҳоли шаклгирӣ аст, ба як зарурат табдил шудааст. Бавежа инки ин бандари роҳбурдӣ зарфияти эҷоди ҳамгароӣ бо кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубиро дорост. Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз кишварҳои таъсиргузор дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Ба ҳамин иллат рӯйкарди Эрон ба тақвияти робитаҳои ҷомеъ ва роҳбурдӣ дар нигоҳ ба Шарқ , мӯҷиби нигаронии Амрико шуда аст. Зеро ташкили эътилофҳои шарқиро дар тазод бо сиёсати якҷонибагароии худ мебинад. Зимни онки ҷойгоҳи сиёсӣ - иқтисодии кишварҳое монанди Русия , Чин ва Ҳинд , ин кишварҳоро дар масири барқарории равобити вежа бо Теҳрон, ба маҷмӯаи таъсиргузор табдил кардааст.

 Теҳрон низ тасмими қотеъ дорад дар чорчуби ҳамкориҳои мутақобил ба рағми коршиканиҳои Амрико, дар ростои ҳамафзоии ҳамкориҳои чандҷонибаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамкории дарозмуддат ва роҳбурдӣ бо кишварҳои минтақа дошта бошад.

 Дар ин чорчуб бо таваҷҷуҳ ба алоқаи кишварҳои Осиёи марказӣ, Афғонистон ва Ҳинд барои баҳрагирии бештар аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор метавон нисбат ба ояндаи ин ҳамкориҳо ва таъсиргузор будани он бар тақвияти равобити роҳбурдии чандҷониба умедвор буд.