Июл 20, 2020 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ташхис додани коронавирус  дар зарфи якчанд сония тавассути дастгоҳи RDSS эронӣ

Муҳаққиқони эронӣ дар тарроҳӣ ва сохтани як дастгоҳ барои ташхиси фаврии беморони Covid 19 муваффақ шудаанд.

Ба гузориши радио бурунмарзии Садои Хуросон Разавӣ, дастгоҳи RDSS  бо истифода аз фановарии нону боюэлектрик ва аз тариқи расади сатҳи Ros (Reactive oxygen species) моеоти мухотии назир хилт, қодир ба ташхиси уфунат ба Ковид-19 дар камтар аз як дақиқа ва бидуни ниёзи Китт ва маводи масрафӣ аст.

Ба гузориш рӯзи душанбеи Ирна, «Ромин Сароми Фурӯшони» сарпарасти тими созандаи ин дастгоҳ тасреҳ кард: бо шурӯъи уфунат тавассути вируси корона, сатҳи молекулаҳои ros дар ҳуҷайраҳои бофти рия афзоиш меёбад, ки системи ташхиси rdss онро бо ҳассосияти қобили таваҷҷуҳе шиносоӣ ва дар чанд сония ташхис медиҳад.

Сарпарасти тими созандаи системи ташхиси  rdss афзуд: ин дастгоҳ дар канори соири озмоишоти тахассусӣ метавонад дар ташхиси Ковид-19 ба хусус дар шиносоии ноқилони беаломат нақши арзишмандеро ифо кунад.

Натоиҷи ҳосил аз ин таҳқиқ, дар шумораи 165 нашрияи биосенсор ва биоэлктруник (Biosensor and Bioelectronics) чоп шудааст. Дастгоҳи  rdss тамоми мароҳили таҳқиқотӣ ва арзёбии фаннии худро бо муваффақият пушти сар гузоштааст.