Эрон дар раддаи 10 кишвари оворапазири ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5563-Эрон_дар_раддаи_10_кишвари_оворапазири_ҷаҳон
Бар асоси ҷадидтарин омори мунташиршуда, Эрон ҷузъи 10 кишваре аст, ки бештарин теъдоди муҳоҷирони овораи ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 06, 2016 15:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар раддаи 10 кишвари оворапазири ҷаҳон

Бар асоси ҷадидтарин омори мунташиршуда, Эрон ҷузъи 10 кишваре аст, ки бештарин теъдоди муҳоҷирони овораи ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабари шабакаи "ал-Олам", охирини омори мунташиршуда аз сӯйи Созмони афви байналамилал нишонгари ин ҳақиқат аст, ки 10 кишвар ба танҳоӣ пазирои беш аз ниме аз паноҳандагону оворагони кулли ҷаҳон ҳастанд.

Дабири кулли Созмони афви байналамилал ҳамзамон бо рӯнамоӣ аз ин омор гуфт, ки "теъдоди андаке аз кишварҳои ҷаҳон танҳо ба воситаи ин ки дар ҳамсоягии як буҳрон қарор доранд, маҷбур ба пазириши масъулияти бисёр сангин шудаанд».

Бар асоси омори Созмони афви байналамилал, кишвари кӯчаки Урдун бо пазириши беш аз ҳафт миллион паноҳанда дар садри феҳристи кишварҳои пазирои оворагон ва паноҳандагон қарор дорад. Пас аз Урдун Туркия, Покистон, Лубнон, Эрон, Ҳабашистон, Кения, Уганда, Конго ва Чад ба тартиби дувумин то даҳумин кишварҳое ҳастанд, ки пазирои 56 дарсад аз кулли оворагону паноҳандагони ҷаҳон будаанд. Ин дар ҳолест, ки ин даҳ кишвар танҳо 2,5 дарсад аз сарвати кулли ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд.