Омори қурбониёни рӯзонаи корона дар Эрон ҳамчунон болои 200 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55696-Омори_қурбониёни_рӯзонаи_корона_дар_Эрон_ҳамчунон_болои_200_нафар
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 219 нафари дигар бар асари Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Омори қурбониёни рӯзонаи корона дар Эрон ҳамчунон болои 200 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 219 нафари дигар бар асари Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори афроди олуда ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта ду ҳазору 586 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки як ҳазору 934 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 281 ҳазору 413 нафар расидааст.

Ба гуфтаи вай, дар 24 соати гузашта 219 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 14 ҳазору 853 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 244 ҳазору 840 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба дастикам 15 миллиону 120 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 620 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 9 миллиону 135 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.