Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 247 000 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55724-Охирин_омори_мубталоён_ба_коронавирус_дар_Эрон_беҳбудии_ҳудуди_247_000_нафар
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 247 000 нафар дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 23, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 247 000 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 247 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар элом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 621 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 2 004 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 284 034 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта 221 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 074 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 247 230 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.