Азми Эрон ва Русия барои бастани қарордоди баландмуддати ҳамкориҳои муштарак
Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба имзои “Муоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкорӣ байни ду кишвар” дар марти 2001 таъкид кард, мақомоти олии Эрон ва Русия барои бастани қарордоди баландмуддати ҳамкориҳои муштарак ва ҳамаҷониба азми ҷиддӣ доранд.
Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия рӯзи ҷумъа дар паёме бо ёдоварии ин ки Муоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкории ду кишвар наздик ба 20 сол қабл имзо шудааст, навишт: “Дар ин муддат таҳаввулоти зиёде дар арсаи равобити байналмилалӣ, минтақаи перомунӣ ва равобити дуҷониба рух додааст”.
Ҷалолӣ афзуд, сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрон ва Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст, зимни ин ки ҳамкориҳои тарафайн амиқтар ва маънодортар шуда ва зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ҳамчунин хотирнишон кард, мақомоти олирутбаи ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба уфуқи ҳамкориҳои оянда, тавофуқи худро бо ба рӯз кардан ва тамдиди муоҳидаи равобити мутақобили Эрон ва Русия эълом кардаанд.
Муоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкорӣ байни Эрон ва Русия дорои 21 модда аст, ки эътибори он дар марти соли оянда ба поён мерасад.
Дар ин муоҳида таъкид шудааст, дар сурате, ки тарафайн ҳаддиақал як сол қабл аз поёни эътибори он ба сурати катбӣ тарафи дигарро аз қасди худ перомуни қатъи эътибори муоҳида мутталеъ насозад, худ ба худ барои давраҳои панҷсолаи баъдӣ тамдид мешавад.