Шиносоии ду ҳазору 300 бемори нави КОВИД-19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i55772
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазору 300 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии ду ҳазору 300 бемори нави КОВИД-19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазору 300 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 316 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 298 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.

Лорӣ гуфт: Маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 288 ҳазору 839 нафар расидааст, ки 251 ҳазору 319 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 195 нафар аз беморони  КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 ҳазору 484 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 16 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  камаш 643 ҳазор нафар ҷон бохта ва беш аз 9 миллиону 760 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.