Июл 25, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Азми Эрон ва Русия барои бастани қарордоди баландмуддати ҳамкориҳои муштарак ва ҳамаҷониба

Мақомоти олии Эрон ва Русия барои бастани қарордоди баландмуддати ҳамкориҳои муштарак ва ҳамаҷониба азми ҷиддӣ доранд.

Козими Ҷалолӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, рӯзи ҷумъа дар твитте бо баёни ин мавзӯъ ба муоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкории байни ду кишвар имзошуда дар марти 2001 ишора кард ва навишт, дар ин муддат, таҳаввулоти зиёде дар арсаи равобити байналмиллалӣ, минтақаи пиромунӣ ва равобити дуҷониба рух дода ва акнун сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрон ва Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузаштааст.

Муоҳидаи асоси равобити мутақобил ва усули ҳамкории байни Эрон ва Русия дорои 21 модааст, ки эътибори он дар марти соли оянда ба поён мерасад.

Агарчи аз муддатҳо қабл баҳси эҷоди равобити роҳбурдии Эрон бо ду қудрати Русия ва Чин матраҳ будааст; аммо аз ҳудуди як даҳа қабл ва дар паи таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ; мавзӯи равобити ҷомеъ бо кишварҳои мустақил ва таъсиргузор дар таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар авлавият қарор гирифт.

Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия ахиран дар баёнияе муштарак дар Маскав, тасреҳ карданд: Теҳрон ва Маскав мусаммам ҳастанд, фаъолона рӯйкардҳои ҷамъӣ ва чандҷонибаи одилона мубтанӣ бар усул ва қавоиди куллии шинохташудаи ҳуқуқи байналмиллалиро барои ҳалли масоили фаврӣ ва зарурии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иртиқоъ диҳанд.

Ин сатҳ аз ҳамкорӣ бо таваҷҷуҳ ба дарки муштараки ду кишвар аз манофеи ҷамъӣ ва таҳдидҳои муштарак, аз аҳамияте стратегӣ бархурдор аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин муаллифа; аҳамияти равобити баландмуддати Эрон ва Русияро метавон аз се ҷанба мавриди таваҷҷуҳ қарор дод:

Ҷанбаи нахуст, тақвият ва истимрори тавсеаи муносиботи роҳбурдӣ ва таъсиргузор будани ин ҳамкориҳо барои таҳаввулоти минтақааст .

Ҷанбаи дувуми аҳамияти ин мавзӯъ, таваҷҷуҳи вижаи ду кишвар ба масоил ва чолишҳои пиромунӣ ва чигунагии муқобила бо таҳдидҳои муштарак аст . Дар ин замина Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия нишон додаанд, ки аз қудрати ибтикори амал ва таомули қавӣ бархурдоранд.

Ҷанбаи севуми аҳамияти равобити баландмуддати Эрон ва Русия; тавсеаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ба вижа дар иртибот бо муқобила бо якҷонибагароӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки сешанбеи ҳафтаи гузашта ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ ва тақдими паёми Ҳасани Рӯҳонӣ ба Владимир Путин ба Маскав сафар кард, бо ишора ба наздик будани бистумин соли тавофуқоти Эрон ва Русия гуфт: Тамдиди қарордод дар дастури кор аст ва агар дӯстони русӣ омода бошанд қарордоди баландмуддати дигаре дошта бошем, қобили баррасӣ аст.

Эрон ва Русия дар 25 соли гузашта, далелҳои мутааддиде барои густариши ҳамкорӣ бо якдигар доштаанд ва бо вуҷуди бархе тафовутҳо ва ҳатто ихтилофи назарҳо дар ҷиҳатгириҳо, дар шароити ҳассос заруратҳои ҳамкориро ба дурустӣ дарк кардаанд. Эрон ва Русия таи буҳрони Сурия, бо кумаки якдигар муваффақ шуданд  дастури кори қудратҳои ғарбӣ ва муттаҳидони минтақаии онҳо дар ин кишварро бо шикаст мувоҷеҳ кунанд ва бо аз байн бурдани нисбии хатари ДОИШ дар минтақа, як буҳрони бузурги минтақаиро мудирият намоянд. Иттифоқи муҳими дигар дар ин замина, шаклгирии созу кори минтақаӣ бо ҳузури Эрон, Русия ва Туркия бо унвони раванди Остона аст, ки таҷрибаи ҷадиде дар ҳаллу фасли буҳронҳо дар минтақаи пуртаниши Ғарби Осиё ба шумор меравад.

Аз инрӯ аст, ки Козим Ҷалолӣ- сафири Эрон дар Русия дар твитти худ дар бораи аҳамияти барномаи ҷомеи ҳамкории Теҳрон ва Маскав ёдовар шуд; сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрон ва Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузаштааст; зимн инки ҳамкориҳои тарафайн амиқтар ва маънодортар шуда ва зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад.

 

Барчасп