Июл 26, 2020 09:46 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 180 ҳазор тонна колои эронӣ ба Афғонистон

Беш аз 180 ҳазор тонна анвои намуди колои эронӣ дар чаҳор моҳи гузашта аз поёнаи марзии Дуғорун дар шимоли шарқи Эрон ба Афғонистон содир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Карими Навоии Низомӣ- мудири поёнаи марзии Дуғоруни Эрон гуфт: Дар чаҳор моҳи гузашта 187 ҳазору 825 тонна коло бо беш аз ҳафт ҳазору 600 мошини боркаш ба Афғонистон содир ва дар тӯли ин муддат 14 ҳазору 580 тонна анвои намуди коло низ аз Афғонистон барои транзит ба кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ ба поёнаи марзии Дуғорун ворид шуд.

Мудири поёнаи марзии Дуғорун, анвои намуди масолеҳи сохтимонӣ, милгирд, бензин ва гази моеъро аз муҳимтарин колоҳои содиротии Эрон ба Афғонистон эълом кард ва ёдовар шуд: Поёнаи марзии Дуғорун, дарвозаи тилоие барои тиҷорату транзити коло ва яке аз пуртараддудтарин маъбарҳои заминии Эрон дар бахши коло ва мусофир аст.

Поёнаи марзии Дуғорун дар вилояти Хуросони Разавӣ яке аз муҳимтарин марзҳои содиротии Эрон ва муҳимтарин марзи заминии Афғонистон барои иртибот бо ҷаҳон ба вижа Аврупо ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба шумор меравад.

 

Барчасп