Июл 26, 2020 11:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Теҳрон ва Тошканд бар густариши равобити иқтисодӣ

Муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузории Узбакистон бар густариши равобити иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммади Наҳовандиён- муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯи видеоконфронсӣ бо Сардор Умурзақов- муовини нахуствазир ва вазири тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузории Узбакистон гуфт: Ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Узбакистон дар соли 2019 нисбат ба соли қабл аз он, 40 дарсад афзоиш дошт.

Вай бо ёдоварии зарфиятҳо ва иштирокоти таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду миллати Эрон ва Узбакистон гуфт: Иимрӯз бо азм ва иродаи ҷиддӣ, ки байни ду давлат вуҷуд дорад, густариши равобити Теҳрон - Тошканд дар арсаҳои мухталиф суръат ёфтааст.

Муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таъсири шуйюи корона бар коҳиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Эрон ва Узбакистон дар моҳҳои ахир низ ишора кард ва гуфт, роҳҳои гуногуне барои убур аз монеаҳо вуҷуд дорад, ки бо фаъол кардани ин гузинаҳо метавон костиҳоро ҷуброн кард.

Муовини нахуствазир ва вазири тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузории Узбакистон низ дар ин иртиботи видеоконфронсӣ гуфт: Эрон аз шарикони муҳими Узбакистон аст ва Тошканд аз ҳузури сармоягузорон ва ширкатҳои фаннӣ- муҳандисии Эрон дар пружаҳои иқтисодӣ ва умронии худ истиқбол мекунад.

Муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузории Узбакистон тавофуқ карданд, ки музокироти коршиносӣ барои таҷдиди мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ дар ин ҳафта оғоз ва Комиссияи муштараки дуҷониба дар нимаи дувуми соли 2020 дар Теҳрон баргузор шавад.