Радди изҳороти мақоми амрикоӣ аз сӯи сафорати Эрон дар Кобул
(last modified Sun, 26 Jul 2020 08:54:07 GMT )
Июл 26, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Радди изҳороти мақоми амрикоӣ аз сӯи сафорати Эрон дар Кобул

Сафорати Эрон дар Кобул изҳороти мақоми амрикоиро дар бораи мавзеи Теҳрон дар баробари раванди сулҳи Афғонистон рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сафорати  Эрон дар Кобул бо судури иттилоияе бори дигар бар ҳимояти Теҳрон аз истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон таъкид ва ба амрикоиҳо тавсия кард қабл аз ҳаргуна изҳори назар дар бораи мавзеи Эрон дар баробари масоили минтақа ва Афғонистон, нахуст ин мавзеъҳоро бо диққат мутолиа кунанд.

Зулмо Халилзод- намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ахиран дар изҳороте муддаӣ шуд Эрон аз талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғонистон ҳимояти кофӣ намекунад.

Сафорати Эрон дар Кобул дар айни ҳол таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз музокироти сулҳе ҳимоят мекунад, ки бар пояи моликият ва раҳбарии афғонҳо анҷом гирад.

Чанде пеш Аббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Тулӯъ-Ниюзи  Афғонистон гуфт: Амрико, ки худро муттаҳиди Кобул мехонд  дар ғиёби давлати Афғонистон бо Толибон дар бораи ояндаи ин кишвар музокира ва муомила кардааст.

Тибқи тавофуқномаи Амрико бо Толибон, ки зимистони гузашта дар Доха пойтахти Қатар ба имзо расид, Вашингтон тавофуқ кард, ки дар муддати 14 моҳ тамоми неруҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Дар муқобил гуруҳи Толибон низ мутааҳҳид шуд, ки ба гуруҳҳои террористии дигар аз ҷумла ДОИШ ва Алқоида иҷозаи истифода аз хоки Афғонистон барои анҷоми амалиёт алайҳи Амрико ва муттаҳидонашро надиҳад ва ҳозир ба гуфтугӯ бо давлати Қобул шавад.

Шомгоҳи шанбе Суҳайл Шоҳин- сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро ба озодии тамоми зиндониёни ин гурӯҳ ба вижа то рӯзи иди Қурбон машрут донист.

Давлати Афғонистон бо ҳадафи эътимодсозӣ барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон то кунун 4 ҳазору 400 зиндонии ононро озод кардааст, аммо Толибон бар озодии 600 зиндонии дигари худ таъкид дорад, ки давлати Афғонистон эълом карда онон дар ҷиноятҳо ва ҳамлаҳои террористии хунин даст доштаанд ва ҳукумат наметавонад онҳоро раҳо кунад.