Тоҳириёнфард: Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад
(last modified 2020-07-26T13:12:24+00:00 )
Июл 26, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Тоҳириёнфард: Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад

Намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон, дар вокуниш ба изҳороти намояндаи вижаи Амрико гуфт, ки Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Зелмӣ Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ахиран дар изҳороте муддаӣ шуд, Эрон аз талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғронистон ҳимояти кофӣ намекунад.

Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард, намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят ва бар зарурати поягузории сулҳ бар мабнои натоиҷи гуфтугӯҳои байналафғон, ки бо моликият ва раҳбариии афғонҳо анҷом гирад, таъкид мекунад.

Вай ҳамчунин ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард:

Қабл аз изҳори назар дар бораи дидгоҳҳои масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси масоили минтақа ва Афғонистон, ибтидо ин мавозеъро бодиққат мутолиа кунанд.

 

 

Барчасп