Июл 27, 2020 13:28 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз бурҷи муроқибати парвози сайёри фурудгоҳии тавлиди Эрон

Бурҷи муроқибати парвози сайёри фурудгоҳии тавлиди Эрон бо ҳузури вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ ва вазири роҳ ва шаҳрсозии ҷумҳурии исломӣ рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, амир сартип Амири Ҳотамӣ- вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи ин маросим гуфт: Истифода аз фурудгоҳҳои муваққат барои Эрон ба далели ҳодисаҳои мухталифе монанди сел, сӯхтор, зилзила ва низомӣ, бисёр муҳим аст, ки ин сомона ин имконро ба кишвар медиҳад то пойдории амалиёти ҳавоӣ дошта бошад.

Сартип Ҳотамӣ бо ишора ба сарфаҷӯии ду миллионевроӣ дар тавлиди ҳар сомонаи бурҷи муроқибати сайёр, афзуд: Дар ин сомона аз таҷҳизот ва технологиҳои пешрафтаи электроникӣ ва иртиботӣ истифода шуда, ки мутобиқ бо стандартҳои ҳавоии байналмиллалӣ аст.

Вазири дифои Эрон афзуд: Бурҷи муроқибати парвози сайёри фурудгоҳӣ ин имконро фароҳам мекунад, ки дар бахшҳои низомӣ ва ғайринизомӣ, фурудгоҳҳои кишвар ҳамвора фаъол бошанд ва амалиёт анҷом диҳанд.

Муҳаммади Исломӣ- вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон низ дар ин рӯнамоӣ аз бурҷи муроқибати парвози сайёри фурудгоҳии тавлиди дохил гуфт: Ҳаракати чархи рушду тавсеаи кишвар набояд ба далели фишорҳои таҳрим, кунд шавад ва мутахассисони ҷавони эронӣ бояд ҳамвора аз фурсати таҳрим барои ҷаҳиш ва пешрафт истифода кунанд.