Сиёсати қатъии Эрон, ҳимоят аз сулҳу субот дар Афғонистон
(last modified 2020-07-27T08:37:15+00:00 )
Июл 27, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати қатъии Эрон, ҳимоят аз сулҳу субот дар Афғонистон

Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Муҳаммадиброҳим Тоҳириёнфард- намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба изҳороти намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо таъкид бар ин мавзӯъ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят ва бар зарурати поягузории сулҳ бар мабнои натиҷаҳои гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, ки бо моликият ва раҳбарии афғонҳо анҷом гирад, таъкид мекунад

Зулмо Халилзод- намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ахиран дар изҳороте муддаӣ шуд, Эрон аз талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғонистон ҳимояти кофӣ намекунад.

Тоҳириёнфард, ҳамчунин ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард: Қабл аз изҳори назар дар бораи дидгоҳҳои масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси масоили минтақа ва Афғонистон, ибтидо ин мавзеъҳоро бо диққат мутолиа кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далелҳои мушаххас аз ҳар таҳаввуле, ки ба сулҳу суботи пойдор ва ҷомеъ дар Афғонистон кумак кунад ҳимоят мекунад.

Бар ҳамин мабно Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқи Амрико ва Толибон бо судури баёнияе тасреҳ кард: Тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байнулафғонӣ бо мушорикати гуруҳҳои сиёсии ин кишвар аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизоти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бадаст хоҳад омад.

Ин дидгоҳ, бар ду нуктаи муҳим таъкид дорад, ки дар арзёбии иддаоии «Зулмо Халилзод», намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар бораи ҳимоят накардани Эрон аз раванди дастёбии сулҳи пойдор дар Афғонистон дорои аҳамият аст.

Нуктаи нахуст, таъкиде аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати тавофуқ миёни кунишгарони дохилӣ дар Афғонистон аз тариқи гуфтугӯи байнулафғонӣ дорад. Ин мавзӯъ дар воқеъ пешниёз барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Афғонистон аст.

Нуктаи дувум, таваҷҷуҳ додан ба мулоҳизоти сиёсӣ ва амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст. Дар ҳоле, ки ҳадафи Амрико эҷоди беэътимодӣ ва ихтилофафканӣ дар равобити Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Томас Ҷонсон- нависандаи китоби «Ривоятҳои Толибон» бо ишора ба нақши муҳими ҳамкории минтақаӣ барои барқарории сулҳу амният дар Афғонистон мегӯяд: Вашингтон дарк намекунад, ки бидуни мушорикати кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон, роҳкори баландмуддате барои амнияти Афғонистон пайдо намешавад. Бояд талош кард то Афғонистонро ба шарике амин барои минтақа ва ҷаҳон табдил кард.

Амрико, аммо ҳамчунон дар масири хилофи ин ҷараён ҳаракат мекунад ва бо сиёсатҳои риёкоронаи худ таниш ва даргирӣ ва ҳимоят аз терроризм ва низоъ ва хусумат дар миёни миллатҳои минтақаро афзоиш ва ноамнӣ, бесуботӣ, фақр, ҷанг ва ифротгароиро густариш додааст.

Ҷон Болтон- мушовири собиқи амнияти миллии Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар бахше аз китоби "Утоқи иттифоқ", ки ба тозагӣ мунташир карда, парда аз истифодаи абзорӣ аз тарҳи сулҳи Амрико дар Афғонистон бардошта ва навиштааст: Амрико дар ҷанги Афғонистон шикаст хурда ва барномаи сулҳ низ танҳо барои гирифтани овози амрикоиҳо барои мондани Трамп дар Кохи Сафед матраҳ шудааст.

Возеҳ аст, ки Амрико дар пайи машруъият бахшидан ба мудохилоташ дар Афғонистон аст дар ҳоле, ки танҳо роҳкори муассир барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Афғонистон музокироти байнулафғонӣ бо назорат ва ҳимояти Созмони Миллали Муттаҳид аст, ки аз зарфиятҳои муносибе барои тасҳили музокироти байнулафғонӣ ва низ назорат ва тазмини иҷроии тавофуқоти ҳосила бархурдор аст.

Бар ин асос, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Афғонистон, эъломи омодагӣ кардааст, ки дар ростои роҳбурди амнияти миллии худ, ҳаргуна кумакеро барои истиқрори сулҳ, субот ва амният дар Афғонистон ироа ва ҳимоят мекунад.

 

Барчасп