Июл 29, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Размоиши бузурги

Марҳалаи ниҳоии размоиши бузург ва муштараки "Паёмбари Аъзам(с)"-14, аз рӯзи сешанбе бо мушорикати нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар минтақаи умумии устони Ҳурмузгон, ғарби тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс то умқи кишвар оғоз шуд.

Дар ин размоиш амалиёти таҳоҷумии мушакӣ, шиноварӣ ва паҳподӣ алайҳи мавозеи душман, амалиёти минагузорӣ ва қатъи хутути мувосилоти шиноварҳои душмани фарзӣ, иҷрои амалиётиӯ разми мушакӣ, тавассути болгард ва шиллики мушакҳои соҳил ба дарё дар марҳалаи ниҳоии размоиши Паёмбари Аъзам (с)-и сипоҳ ба иҷро дармеояд.

Яке аз вижагиҳои ин размоиш, ки барои нахустин бор амалиётӣ шуда, расади минтақаи размоиш бо истифода аз тасовири ирсолӣ аз "моҳвораи Нур" аст.

Моҳвораи "Нур" ба унвони нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, 22 апрели 2020 аз моҳворабари 3 марҳалаии "Қосид", аз кавири Марказии Эрон тавассути Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

Афзуда шудани тавоноии моҳвораӣ, ба маҷмӯаи тавонмандиҳои Сипоҳи посдорон, қудрати низомии Эронро дар тарози як нерӯи роҳбурдӣ қарор додааст. Тавсеаи таҷҳизот ва таслиҳоти Эрон мунтабиқ бар таҳдид ва шинохти воқеӣ аз нуқоти заъф ва қуввати душман аст. Моҳвораи низомии “Нур” бо зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи худ, метавонад дар абъоди мухталифе, иттилооти дақиқ ва ба рӯзро аз сатҳи замин ва падидаҳои атрофи он ҷамъоварӣ ва бар ҳар навъ фаъолияти низомӣ дар минтақа назорат кунад. Бо иттилооте, ки аз ин моҳвора мухобира мешавад, метавон масири ҳаракати мушакҳо ва замони бархӯрд ба ҳадафро ташхис дод. Ҳамчунин метавон бар рафту омадҳои марзии қочоқчиён ва террористҳои марзӣ, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва таъсисотии кишварҳои ҳадаф ва низ муоҳидоти байналмилалии марзӣ, назорат кард. Аммо Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ, кушиданд бо фазосозӣ ва эҷоди ҳаёҳӯ аз аҳаммияти ин дастовард бикоҳанд ва дар айни ҳол онро ноқизи қатънома 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал ва таҳдиде барои ҷаҳон ҷилва диҳанд. Ин вокунишҳо албатта дур аз интизор набуд. Аҳаммияти ин зарфиятҳо дар қолаби докторини дифоии Эрон барои пешгирӣ аз вуқуъи ҷанг аст. Эрон дар арсаи ҳаво-фазо ва дар соири арсаҳо бо дар ихтиёр доштани манобеи қудрати дифоӣ ва боздорандагии низомӣ муваффақ ба эҷоди муодилоти ҷадид дар равобити байналмилалӣ шудааст. Соқит кардани паҳбоди фавқпешрафтаи Амрико дар ҳарими ҳавоии Эрон аз ҷумлаи ин маворид аст. Вашингтон дар ростои иқдомоти таҳрикомези худ алайҳи Эрон моҳ июни соли гузашта як паҳподи ҷосӯсии худро вориди ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии исломӣ кард. Ин паҳбоди фавқпешрафта дар минтақаи рӯбарӯи Кӯҳи Муборак ҳадафи оташи падофанди нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Jeremy Binnie, таҳлилгар ва коршиносони масоили низомӣ дар ҳафтаномаи дифоии “Jane's” бо ишора ба қудрати низомӣ ва падофанди ҳавоии Эрон мегӯяд: "Вақте эрониҳо воқеан рӯйи чизе сармоягузорӣ мекунанд, бояд рӯи он ҳисоб кард. Мо ин мавзӯро дар бораи мушакҳои баллистики онҳо медонистем, вале зоҳиран дар хусуси сомонаи падофанди ҳавоии эрониҳо низ вазъият ба ҳамин гуна аст."

Ҳамон гуна, ки сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳошияи баргузории марҳалаи ниҳоии размоиши Паёмбари Аъзам (с)-14, таъкид кард, сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сиёнат аз манофеи ҳаётии миллати Эрон дифоӣ аст, ба ин мафҳум, ки Эрон аз ибтидо ба ҳеҷ кишваре таҳоҷум нахоҳад кард, аммо дар токтик ва амалиёт комилан таҳоҷумӣ аст.

Аз ин дидгоҳ, паёми марҳалаи поёнии размоиши Паёмбари Аъзам (с) -14, намоиши иқтидори Эрон дар ҳифзи амният ва муқобила бо таҳдидҳо ва ноамниҳо бо истифода аз фанноварии моҳвораӣ аст.

 

Барчасп